<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>F#</key>
<aka>Таронаи Марям</aka>
<hymn_number>228</hymn_number>
<lyrics>[C1]
.     F#                 B
   // Худовандро ситоиш кунад ҷони ман,
.  C#                   B         F#
   Ба ваҷд ояд рӯҳам аз Наҷоткори ман. //

[V1]
.F#                 D#m         G#m
 Ба ҳалимии канизаш назар кард Худо -
.C#                          F#
 Маро минбаъд хушбахт хонанд наслҳо;
.F#                  D#m      G#m
 Ҳаме исми он Тавоно муқаддас аст,
.C#                         F#
 Ки Ӯ кори бузурге ба ман кардааст.

[V2]
 Бувад ҷовидонӣ марҳаматҳои Ӯ -
 Насл то ба насл барои тарсгорони Ӯ.
 Тавоноии бозуи Худ зоҳир намуд,
 Пароканд онро, ки дилаш мағрур буд.

[V3]
 Зи тахт вожгун намуд зӯроваронро,
 Сарафроз гардонд ҳама фурӯтанонро;
 Зи неъмат пур намуд гуруснагонро
 Тиҳидаст бозгардонд тавонгаронро;

[V4]
 Аз он хотир, ки марҳаматҳо карда буд,
 Бандаи Худ Исроилро дастгирӣ намуд.
 Ҳамон тавре ки гуфта буд ба падарон, -
 Ба Иброҳиму насли Ӯ то ҷовидон.</lyrics>
<title>Худовандро ситоиш кунад ҷони ман Хд228</title>
</song>